Сафари коршиносони Вазорати энергетикаи ИМА вобаста ба таҷҳизонидани НҚМ дар назорати сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа»-и шаҳри Панҷакент
6 декабри соли 2021 вохӯрии коршиносони Вазорати энергетикаи ИМА оид ба масъалаи таҷҳизонидани мониторҳои порталии радиатсионӣ (МПР) дар нуқтаи назоратии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ коршиносони Идораи миллии амнияти ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE/NNSA) ва Раёсати ошкор ва пешгирии қочоқи маводи ҳастаӣ (NSDD), кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ АМИТ), намояндагони Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардор ва кормандони нуқтаи назоратии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои банақшагирӣ ва ҷойгирсозии МПР барои нақлиёт ва пиёдагардон дар гузаргоҳи «Саразм-Ҷартеппа» баррасӣ гардиданд, ҳамчунин макони насби Маркази огоҳии изтирорӣ (CAS) муайян карда шуд, ки ҳадафи он таъмини идоракунии самараноки сигналҳои изтирорӣ ҳангоми ошкор, вокуниш ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ дар гузаргоҳи «Саразм»-и шаҳри Панҷакент мебошад.